БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои Нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати сазовор истиқбол аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ноҳияи Ҷайҳун ҳашарҳои умуминоҳиявӣ ба ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо баҳри тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ, гулшинонӣ, ниҳолшинонӣ ва ба шаклдарории дарахтон баргузор карда мешаванд.

Дар ин росто, санаи 3-юми феврали соли 2024, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Матлубот" бо иштироки васеи аъзои ташкилот ва соҳибкорон шанбегӣ баргузор гардида, атрофи бозори марказӣ ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулотҳо тозаю озода гардонида шуд.