ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНИДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР ТИ "СОМОНӢ"

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Баҳри идома бахшидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба сокинон, имрӯз гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндаи ноҳиявии ҳизб, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ҳифзи муҳити зист, бахши ҷавонон ва волонтиёрону аъзои фаъоли созандагони Ватан вориди  ташкилоти ибтидоии "Сомонӣ" Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия гардида, бо чанде аз аъзои ҳизб ва истиқоматкунандагон суҳбату вохӯрӣ бо усули “Хона ба хона” ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ баргузор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ ва ҷӯйҳои обгузар, саҳм гузорӣ дар корҳои созандагию ободкорӣ, ҳамзамон расонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа, ихтиёран пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон суҳбату вохӯрӣ баргузор карда шуд.