ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дирӯз бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани як гушаи диёр ва ҳамзамон саҳм гузоштан дар ободию зебогии Ватан бо иштироки аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ ҳашари дастаҷамъона ва Аксияи ҳизби ниҳолшинонӣ таҳти унвони “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД” дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ин аксия роҳбарияти муассиса, омӯзгорон ва хонандагон фаъолона иштирок намуда, дар гирду атроф ва ҳавлии муассисаи таълимӣ дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла арча шинонида шуд.