ДИДОРБИНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳарчанд солҳо сипарӣ мегарданд, даҳшати хонумонсӯзи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ёдҳо намеравад. Аёдату дидорбинии иштирокчиёни ҶБВ, нафароне, ки баҳри муҳофизати Ватан дар ақибгоҳ хизмат намуда дар арафаи Рӯзи Ғалаба анъана гардида, гувоҳӣ он аст, ки хизмати диловаронаи иштирокчиёни ҶБВ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад гашт.

Бо ин матлаб бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Раҳмиддин ва кормандону аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарзамин” (Кумитаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдат карда шуд.

Масъулин  зимни аёдат бо иштирокчиёни ҶБВ  Раҷабов Рашид -истиқоматкунандаи деҳаи Ҷӯйбори Ҷамоати деҳоти “Қумсангир” ва Сафаров Ҳабиб - истиқоматкунандаи деҳаи Саҳободи Ҷамоати деҳоти “Қумсангир” эшонро бо 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба онҳо кумаки яквақтаинаи моддӣ аз қабили орд ва равған расонида шуд ва барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осударо таманно намуданд.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳизбиён шод гардида минатдории худро махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

          Таъкид шуд, ки мо ҳамагон шукронаи Ваҳдату осоиштагии Ватани азизамон намуда, дар атрофии Роҳбари Давлат сарҷамъ бошем ва барои ободии кишварамон саҳмгузор бошем.