ВАТАН ОБОДИАТ ОБОДИИ МОСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии мамлакат ва ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ баҳри дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем» корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ бо саҳми фаъолону сокинони ноҳия бо маром амалӣ гардида истодааст.

   Ин навбат чунин ташаббус бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Зарзамин” дар маркази ноҳия Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ амалӣ гардида, роҳравҳои пиёдагард ва атрофи бинои КДФ “БММҒ” сафолакпуш ва бо гулҳои ороишӣ зебою ороста гардонида шуд.

Мақсад аз баргузории чунин аксияҳо ин саҳм гузоштан дар ободию пешрафти Ватан ба ҳисоб меравад.