Дар асоси Нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади тарғибу ташвиқ ва ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз китобхонаи марказии ноҳия дидан намуданд. Дар китобхона китобҳои гуногуни бадеӣ, китобҳои дарсӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар намуди китобҳо мавҷуд буда, хонандагон, донишҷуён ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони ватан” мунтазам аз китобхона истифода мебаранд.
Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия бо ин донишҷуён бобати таъсиси озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фуруғи маърифат”, ки ба ин васила мавқеи китобу китобхонӣ боло бардошта шуда, ҳама табақаҳои ҷомеа ин иқдомро хуш пазируфтаанд, суҳбат оростанд.