МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ДАР БАЙНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ВА АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушд додани, омавигардонии варзиш дар ноҳияи Ҷайҳун тадбирҳои зарурӣ ва муассир андешида шудааст.

Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо оммавияти варзиш, дарёфти чеҳраҳои нави варзиш ва пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи тундрав маҳсуб ёфта, дар ин баробар муаррифии соҳаи варзиши ноҳияи Ҷайҳун дар миқёси вилоят, ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар маҳсуб меёбад.