МОДАРОН БУЗУРГТАРИН ҚУВВА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ, ИФРОТГАРОӢ ВА БЕГОНАПАРАСТӢ МЕБОШАНД

Ҷайҳун: Вокуниш  

     Ин нутаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар таъкид намуда, зикр карданд, ки давлату ҳукумат ба қувваи онҳо такя мекунанд.

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иброз намуданд, ки ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар мубаддал ёфтаанд ва ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Пешвои миллат аз модарону бонувон даъват ба амал оварданд, ки аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзанд ва номбардори ин Ватану хоки муқаддаси ниёгони хеш бошанд.

         Роҳбари давлат ҳамчунин изҳори боварӣ намуданд, ки бонувон ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳанд.

         Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин таъкид менамояд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

         Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза - экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи  пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.

         Ба ин муносибат зарурати ёдрас  шудани суханони ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз андар мағзи ҳар фарди худогоҳ ҷой гирифта, ба кору пайкор ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ даъват мекунанд, эҳсос мегардад: «На теғи Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи хунрезии Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии аҷдодони моро шикаста натавонист».

ХОҶАЕВА СОФИЯ - мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун