ЧАШМИ ҲАСАД КУР БОД!

Ҷайҳун: Вокуниш  

Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастаест, ки бо шуниданаш хонаву дар, гавҳора ва модар пеши назар меояд.

Оре, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушода аст.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Каҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ ва садҳо ба монанди инҳо далели гуфтаҳои болост.

Ҳар як фард бояд новобаста аз миллату аз нажод ба қадри ватан бояд бирасад, чунки моро дар барои худ мепарварад ва ба воя мерасонад. 

Мо имрӯз дар кишвари соҳибистиқлол, дар ватане, ки мардумаш дар фазои сулҳу субот ва  амният хушбахтона кору фаъолият ва иқомат доранд, умр ба сар бурда истодаем. Албатта аз ин шукрона мекунем ва баҳри ободии он саҳми худро мегузорем.

Мо мардуми кишвар дар охири асри гузашта бисёр ҳам лаҳзаҳои ҳассоси зиндагониро паси сар намудем ва ин рӯзҳои вазнину сангин ҳеҷ аз ёди мо нахоҳад рафт. Рӯзҳои сахте, ки мардуми кишвари мо аз сар гузаронид бояд  дар хотири ҳар як фарди худогоҳ  боқӣ бимонад, чунки чандин оилаҳои бесаробон, яке фарзанд гум карду дигаре шавҳар, яке хоҳар гум карду дигаре додар, чӣ қадар мардуми мо беному нишон гум гаштанд. Хулоса имрӯз он рӯзҳоро ҳеҷ кас шунидан намехоҳад ва ё намехоҳад, ки он рӯзҳои мудҳиш ба сари мо ояд.

Барои аз ин ҳолати вазнин баромадан корнамоиҳои сарвари ҷонфидои миллати мо басо назаррасу ибратангез аст. Ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва соҳиби  иродаи қавӣ, вадандусту сулҳпарвари мо аллакай азияти бесарусомонӣ ва муҳоҷиратро чашидаааст. Имрӯзҳо мо мардуми қавииродаи ватан аз имтиҳони душвори зиндагӣ гузаштаем, таълимоти асили диниро аз идеологияҳо ва пешвоёни онҳо, ки дар зери пардаи исломӣ одамро аз ҳуқуқу озодиҳо маҳрум карданӣ мешаванд, бо шууру тафаккури инсонияти хеш  ба осонӣ дар тафовут гузошта метавонем. Хушбахтона барои бахти кишвари мо фарзанди фарзонаи халқи тоҷик баҳри наҷоти имрӯзиён Худованд фардеро фиристод, ки давлати тоҷиконро аз нав эҳё намуд. Чӣ хеле, ки ҳар яки мо огоҳ ҳастем дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ президенти кишвар чӣ гуна ба Афғонистон рафта гурезагонро ба ватан даъват намуданд, ки ин як қаҳрамонист.

Сарқонуни кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардумро ҳамчун давлати соҳибихтиёру комилҳуқуқ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон менамояд. Бо шарофат ва хирадмандиву зиракии роҳбари давлат имрӯзҳо сатҳи муқаддасоти ахлоқии халқи тоҷик бениҳоят дар арсаи баландтарин қарор дорад.

Мо  худ гувоҳ ҳастем, ки  дар даврони истиқлолият чӣ қадар корхонаҳои нав бунёд шуда,   ҷойҳои кории нав пайдо гардид, роҳҳои автомобилгард таъмир шуда нақбҳо канда шуд, музди меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баланд гардид. Асосаш он аст, ки сулҳу ваҳдат дар кишвари мо поянда аст. Имрӯзҳо агар аз ҳар як сокини кишвар пурсон шавӣ аз тинҷиву оромии кишвар ва тараққиёти он шукргузор ҳастанд.

  Лекин баъзе аз хоинони ватан бо чашми ҳасад ба оромии кишвар нигариста ба ин тинҷиву осоиштагии мардум халалҳо ворид менамоянд. Яке аз инҳо  Мухиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва амсоли инҳо, ки таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ нияти бад доштанд, ва нисбати халку ватан хоинона рафтор намуданд.  Афсус  ки онҳо ба рӯйи худ ниқоб кашида чандин ҷавонони гумроҳро аз хонаву дар ва зану фарзандашон маҳрум сохтанд.

Мардуми кишвар имрӯзҳо Шукргузори сулҳу ваҳдати миллӣ буда худро пайрави роҳбари давлат меҳисобем ва заррае бошад баҳри пешрафт ва гул-гулшукуфоии ватанамон саҳми хешро дареғ намедоран.

 

Ҳасанзода Т- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун