КУМАК БА БАРҶОМОНДАГОН АМАЛИ НЕКИ ИНСОНИСТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ва Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ бахшида ба моҳи Шарифи Рамазон 37 оилаи эҳтиёҷманди деҳаи болозикр аёдат гардида, ба ҳар яки ин эҳтиёҷмандон кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Метавон гуфт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” яке аз ташкилотҳои ибтидоии фаъол дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар амалӣ намудани чунин иқдомҳо ҳамеша саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Аз ин иқдоми хайрхоҳона ва савоб аёдатшудагон бисёр шод гашта, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташшаббускорон расониданд ва дар ин росто масъулин иброз намуданд, ки маъюбону барҷомондагон ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд ва пайваста дасгирӣ хоҳанд ёфт.