«СОАТИ СИЁСӢ» - ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №13

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27-уми майи соли равон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, дар муассисаи таълимии №26-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки директор, омӯзгорони соҳибтаҷрибаи фанҳои таърих ва ҳуқуқ, муовини директори муассиса Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардида, доир ба мавзуҳои “Вазъи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” ба хонандагон дарс гузашта шуд.