ИДОМАИ АМАЛИЁТИ «СОАТИ СИЁСӢ» - ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27-уми майи соли равон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, дар муассисаи таълимии №26-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки муовини директори муассиса Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор карда шуд.

     Дар ин “соати сиёсӣ” доир ба мавзуҳои “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ”, “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ” ба хонандагон дарс гузашта шуд.