КУМАК БА МАЪЮБОНУ НИЁЗМАНДОН КОРИ САВОБ ВА АМАЛИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

     Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, маъюбону собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзманд қарзи инсонии ҳар як нафари тандуруст, солимфикру соҳибандеша ва тавоно мебошад, ки имрӯзҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун иқдом гирифтааст бо ҷалби фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва вакилони ҳизбӣ ба ин қишри ниёзманд пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, кумакҳои яквақтаи хешро расонад.

       Чунин иқдоми хайрхоҳона санаи 18-уми апрели соли равон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” бо иштироки бевоситаи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Юсуф Муқимов ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайфулоев Раҳмиддин дар арафаи Иди моҳи Шарифи Рамазон амалӣ гардида, ду нафар собиқадорони меҳнат, ки солҳои зиёд умри хешро сарфаи кору фаъолияти давлатӣ ва хизмати софдилона ба халқу миллат намудаанд ва ҳамзамон як оилаи ниёзманди ноҳия, ки наонқадар шароити хуби зиндагӣ дошт бо кумаки яквақтаинаи моддӣ дар мисоли орд, равған, шакар ва дигар маводҳои хурокаи лозима ҷамъ бо маблағи 1500 сомонӣ расонида шуданд.

         Ҳангоми расонидани кумаки мазкур Юсуф Муқимов - раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” бо ин оилаҳои аёдатшуда ҳамсуҳбат гардида, иброз намуданд, ки маъюбону барҷомондагон пайваста зери ғамхории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлату ҳукумат ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, Шумо ҳеҷгоҳ худро маъюбу танҳо ҳис накарда, мо ҳамеша кушиш ба харҷ хоҳем дод то аз ҳолу аҳволи шумо бохабар бошем ва дар ҳама ҳолат дастёри шумо хоҳем буд.