ДАСТИ КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ЯКЕ АЗ ФАЗИЛАТҲОИ ХУБИ ИНСОНИСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хайру саховат ва дасти кумак дароз намудан ба ятимону дармондагон ва оилаҳои ниёзманд, қарзи инсонии ҳар як фарди солимфикру соҳибандеша ва тавоност, ки имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо ин амал миёни халқи тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ аз рӯи имкон кумакҳои хешро ба маъюбону ниёзмандон мерасонанд.

Бо ин мақсад, чунин амали хайрхоҳона бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва бо ташаббуси шахси саховатманду ватандӯст, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Абдумуталиб” Идибеков Мактуб амалӣ гардида, дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон ба 3 оилаи ниёзманди ноҳия кумаки яквақтаинаи моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар ва дигар маводҳои ниёзи аввал бо харҷи 1500 сомонӣ расонида шуд.

Аёдатшудагон ва аҳли хонаводаи онҳо аз ин иқдоми нек хушҳол гардида, арзи сипосмандии хешро ба роҳбарияти Олии мамлакат ва ташаббускорони ин кори савоб баён намуданд ва дуои нек баҳри фардои дурахшони кишвар намуданд.