НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАСТРАС ГАРДОНИДА ШУД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо шахсони маъюбу барҷомонда ва оилаҳои камбизоат мавриди дастгирӣ ва таъмини кумакҳо қарор дода мешаванд.

Бо ин мақсад, санаи 10-уми апрели соли равон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри иҷрои саривақтии супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи ҳизбӣ” ҷиҳати дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд, бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Зайдулоев Муҳаммадҷон як нафар маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир Муродов Асрор дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон аёдат гардида, бо нафақаи ҳизбӣ барои моҳи март таъмин карда шуд.

Зимни аёдат иброз гардид, ки маъюбону барҷомондагон пайваста зери ғамхории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлату ҳукумат ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.