АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ” АМАЛӢ МЕГАРДАД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баҳри саҳм гузоштан дар оббодии деҳаю маҳал имрӯзҳо бо ташаббуси фаъолону аъзоёни ташкилотҳои ибтидои роҳҳои деҳаю маҳаллаҳо сангфарш ва таъмир гардида истодааст.

Чунин иқдоми нек ва созанда бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ бо ташаббуси фаъолону аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Яккадин” амалӣ гардида, беш аз 2 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ доштаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яккадин тариқи ҳашари дастаҷамъона ва бо саҳми аъзоёну саховатмандон сангфарш гардида, мавриди истифодаи сокинони деҳа қарор дода шуд.

Метавон зикр кард, ки чунин амали неку созанда дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя  месозем!» идома дошта, ҳамзамон бахшида ба эълон  гардидани  “Солҳои   рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ” роҳандозӣ гардидаистодааст.