ЭҲТИЁҶМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи истиқболи ҷашнҳои “Рӯзи Модар” ва “Наврӯзи байналмилалӣ”  пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, гирифтани дасти маъюбону шахсони ниёзманди ҷомеа  бо иштироки раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва раисони ҷамоатҳои ноҳия як нафар модари пиронсол ва барҷомондаи деҳаи Балхии ҷамоати деҳоти Яккадин аёдат карда шуда, кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Зинми аёдат меҳмонон бо ин модари куҳансол ва эҳтиёҷманд суҳбати самимона ороста, ӯро бо Рӯзи Модар ва фарорасии Наврӯзи аҷам табрик намуданд.