ЭҲСОНКОРӢ РӮЗГОРИ ЭҲТИЁҶМАНДОНРО ЗИННАТ МЕБАХШАД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд бо иштироки раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва раисони ҷамоатҳои ноҳия ба як оилаи эҳтиёҷманди деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Панҷ дар арафаи ҷашни “Рӯзи Модар” ва “Наврӯзи байналмилалӣ” кумаки яквақтаинаи моддӣ, аз қабили орд, равған, картошка ва пиёз расонида шуд.