РАФТИ БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ “МАКТАБИ МАН” ДАР МТМУ №26

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми феврал бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи таълимии №26-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо хатмкардагони ин муассиса ва сокинон суҳбату вохӯрии судманд зери унвони “Мактаби ман” баргузор гардид.

Дар рафти ин вохӯрӣ масъулин доир ба мавзӯъҳои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии оворагардӣ ҳамзамон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии муассисаи таълимӣ баромад намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд.