САРСАБЗУ ХУРРАМГАРДОНИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёр имрӯзҳо бо истифода аз ҳавои мусоид бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ҷайҳун ва аъзоёну фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонӣ ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан бо маром амалӣ гашта истодаанд.

Чунин ташаббус дирӯз аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии “Яккадин” Буриева Дилором ва аъзоёну фаъолони ташкилоти ибтидоии мазкур амалӣ гардида, баҳри зебо гардонидани деҳаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Яккадин дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд.

Мақсад аз баргузории Аксияи мазкур ин ободу зебо гардонидани кишвари азизамон- Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ободии диёр дар доираи истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгулшукуфии Ватани азизамон мебошад.