ЗАНОНИ ФАЪОЛ ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба амалӣ намудани нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар  ба 5 нафар занону  бонувони фаъоли ҳизб, ки солҳои дароз баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои ҳизбӣ фаъолият намудаанд, кумаки молиявӣ расонида, онҳоро ба муносибати Рӯзи Модар ва фарорасии фасли баҳор шодбош гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки модар нахустин устоди таълимдиҳандаи кулли инсоният дар рӯи сайёра баъд аз Офаридгор аст. Ӯ бо тамоми ҳастияш эҳсоси одобу ахлоқ ва донишу маърифатро ба фарзандон арзонӣ медорад. Ба ӯ забон меомӯзонад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст то охирин нафас дар хизмати эшон бошем. Ҳамин аст, ки мутаффакирону донишмандон, адибону бузургони дунё дар васфаш суханварӣ кардаанд.

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Дар ҳақиқат дили Модар пурҳарораттарин ва бомуҳаббаттарин кошона барои фарзанд аст. Сифатҳои Худованд андар рагу пайванди ӯ ҷой дорад, чунки модар бахшандаву меҳрубон аст. Бигзор модарони тоҷик ҳамеша сиҳату саломат ва соябони сари фарзандон бимонанд.