САҲМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ НАЗАРРАСАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” баҳри тозаю озода гардонидани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ аксияи шанбегӣ ҳизбӣ таҳти унвони "Таблиғот тавассути корҳои созандагӣ" доир гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар шанбегии мазкур аксарияти кормандон фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи бинои Маркази саломатиро  рубучин карда шуда, бехи дарахтони сояафкан ва атрофи гулҳои ороишие, ки дар ҳавлии ташкилоти ибтидоӣ шинонида шудаанд, нарм ва аз ҳаргуна алафҳои худрӯй тоза карданд.