СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Ҷайҳун:  

Дирӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Раҳмиддин бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати дуруст интихоб намудани касб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ, сазовор истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Иҷлосияи  ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии №21-и деҳаи Орзу Ҷамоати деҳоти Қумсангир суҳбату мулоқот баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки аҳли ҷомеа, махсусан ҷавононро лозим аст, ки таърихи халқи худро омӯхта ба хулоса оянд, ки дар ягон давру замон гузаштагони мо чунин озодии комилро дар интихоби касбу кор, пешрафти илмӣ, рушди соҳибкорӣ, омӯзиш ва корбасти технологияи муосирро надоштанд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳаводисҳое имрӯзҳо дар саросари кишварҳои ҷаҳон ба амал омада истодааст, мо ҷавонон ва сокинонро мебояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, дар муҳофизати Истиқлолият ва соҳибихтиёрии кишвар ҳамаҷониба кушиш намоем.

Сипас вобаста ба Иҷлосияи  ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдорон андешаронӣ гардида, нақши онро дар меъмори давлатдорӣ ҳамчун пояи асосӣ ва дар ҳақиқат ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз иброз намуданд.