ТАШАББУСИ НАВБАТӢ ҶИҲАТИ ТАБЛИҒИ ҲАДАФҲОИ ҲИЗБӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз бо ибтикор ва ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун, дар шафати шоҳроҳи асосии Ҷайҳун-Панҷ воқеъ дар деҳаи Озоди Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ва назди бинои ҳизби ноҳия аёниятҳои ҳизбӣ иваз ва аз нав насб карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ин аёниятҳо ба симои ноҳия зебоӣ зам намуда, баёнгари ҳадафҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамзамон таблиғгар ва иникосгари ҳамеша бо халқ ва дар хизмати халқ будани ин ҳизби пешсафи ҷомеаро инъикос менамояд.