РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ КАФОЛАТИ БОЭЪТИМОДИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ АСТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Меҳнатобод дар доираи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисањои таълимии ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъмиру тармими муассиса бо ҷалби собиқ хатмкунандагон, омӯзгорон ва падару модарон бомаром идома дорад.

Омӯзгорони муассисаи мазкур Абдураҳмонов Абдуҳафиз ва Умаров Саймухтор ду синфхонаи муассисаро бо маблағи худашон таъмир намуда истодаанд, ки ин боиси аҳсану офарин аст.

Раиси Кумитаи маҳаллаи Меҳнатобод Давлатов Абдулло зимни суҳбат ба кормандои Кумитаи иҷрроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иброз дошт, ки ҳамаи 41 синфхонаи таълимӣ то 25.08.2022 бо сифати баланд таъмир хоҳад шуд.