ОМОДАГИҲО БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

Ҳамадонӣ:  

Дар доираи омодагиҳо ба оғози соли нави таҳсил, муассисаҳои таълимии ноҳия ба таъмири синфхонаҳо шуруъ намуданд. Дар ин самт Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи амалисозии ташаббусҳои ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб, ассотсиатсияи падару модарон, собиқ хатмкунандагони солҳои гуногуни муассисаи мазкур  дохил ва атрофи  гимназия таъмир  ва рангубор карда шуд. Дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуда, аз рафти таъмиру бунёдкории муассиса мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев  дидан намуд

Коллективи омўзгорон,  ассосиатсияҳои падару модарон ва аъзоёни хайрхоҳи ҲХДТ кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки то оғози соли нави таҳсил, яъне солҳои 2022-2023  синфхонаҳоро бо сифати баланд таъмир намуда, барои қабули хонандагон ҳамаи шароити таълимиро ба қадри имкон фароҳам созанд.