Баҳри зиндагии арзандаи худ меҳнат мекунем!

Ҳамадонӣ:  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади самараноку оқилона истифодабарии замин бо сокинони деҳаи Садбаргои Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар замини наздиҳавлигии сокинон кишти такрории ҷуворимаккаи дон, картошка, бодиринг, помидор ва дигар зироатҳо гузаронидашуда, нигоҳубини парвариши он завқи бинандаро меорад.

Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия Самизода Ҷамшед ҳангоми суҳбат таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳар як ваҷаб замин оқилонаву самаранок истифода бурда кишоварзон дар як сол бояд ду-се ҳосил руёнанд.