Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониши 2022-2023

Ҳамадонӣ:  

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рафти таъмир ва омодагиҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54  барои соли нави хониши 2022-2023 дидан намуданд.
Зимни боздид, директори муассиса Холмуродова Моҳира қайд намуд, ки  дар МТМУ №54 синфхонаҳои таълимӣ пурра таъмир гардида, роҳравҳои он аз ҷониби коргарон таъмир гардида истодаанд.  Дар назар аст, ки бинои муассисаи таълимӣ, яъне роҳравҳои дохили бино ва беруни муассиса то 15.08.2022 таъмир хоҳад шуд.
Масъулин, вобаста ба босифат таъмир намудани бино ва тайёрии ҷиддӣ дидан ба соли нави хониш маслиҳатҳои муфид доданд.