Идомаи маҷлисҳoи ҳисоботӣ интихоботӣ.

Ҳамадонӣ:  

Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи оҳану бетон”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ масъалаҳои зерин дида шуд.

  1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизби оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

  2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтилоии ҳизби барои нимсолаи дуюми соли 2022.

  3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

  4. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар ноҳия.

  5. Масъалаҳои  ҷорӣ. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи оҳану бетон” Саидов Рустам оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизби дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар баромади худ қайд намуд, киҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононро нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ мешуморад ва ба онҳо такя мекунад. Сафҳои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ва умедбахш бояд зиёд карда шавад.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар ноҳия интихоб гардиданд.

Маҷлис аз руи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул намуд.