Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ

Ҳамадонӣ:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард”-и ноҳияи Мир САйид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ баргузор гардид.

 Дар маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ масъалаҳои зерин дида шуд.

Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизби оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтилоии ҳизби барои нимсолаи дуюми соли 2022.

Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар ноҳия.

Масъалаҳои ҷорӣ

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” Ализода Ҷамшед оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизби дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар баромади худ қайд намуд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ минбаъд низ саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар ноҳия интихоб гардиданд.

Маҷлис аз руи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул намуд.