Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ

Ҳамадонӣ:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия Гадое Сангимад оиди фаъолияти худ дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев иброз намуд, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан-модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд.

Вакил ба конференсияи ноҳиявии ҳизб якдилона интихоб карда шуд.

Маҷлис аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул кард.