Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ

Ҳамадонӣ:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ”-и ноҳияи Мир САйид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ масъалаҳои зеринро дида баромад.

Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизби оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтилоии ҳизби барои нимсолаи дуюми соли 2022.

Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ–интихоботӣ ҲХДТ дар ноҳия.

Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ”- Мисайнов Самандар оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизби дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизби суханронӣ намуданд.  Дар маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии  ҲХДТ дар ноҳия интихоб гардиданд.

Маҷлис аз руи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул намуд.