МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ!

Ҳамадонӣ:  

 Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навиди Ҳамадонӣ» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Самизода Ҷамшед маҷлиси ҳисоботӣ-итихоботӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навиди Ҳамадонӣ» Қувватзода Ҷовидон кушода, оид ба фаъолияти такшилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод.

Сипас корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Самизода Ҷамшед дар назди ҳозирин баромад намуда, натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Навиди Ҳамадонӣ»- ро аз рӯи ҳисоботи роҳбари ташкилот қаноатбахш ҳисобида, барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани тарзу усули ҳуҷатгузорӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ, пардохти ҳаққи узвият, қабул ба сафи ҳизб, тартиб додани ҷузвдонҳо ба роҳбари ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар фарҷоми маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии «Навиди Ҳамадонӣ» аз нав интихоб гардид.