Пешбарии вакил ба Конференсияи ҳизбӣ.

Ҳамадонӣ:  

Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориёнбонк” маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия баргузор карда шуд.

Зимни маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сайдалиев Гадоӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориёнбонк” Азимов Азамат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, яъне ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориёнбонк” дар давраи фаъолият аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 шунида шуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, вакилон ба Конференсияи навбатии ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешбарӣ шуданд.

Дар интиҳои маҷлис Сайдалиев Гадоӣ баромад карда, изҳор намуд, ки рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз низоми бонки вобаста мебошад.