ИЛМУ МАЪРИФАТ АСОСИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар канор набуда, чунин кирдорҳои ҷиноятиро қотеона маҳкум менамояд ва амалҳои назаррасро ба иҷро мерасонад. Аввалин амалҳои ба иҷро расидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҷовимат бо экстремизм ва терроризм бо баназаргирии меъёрҳои санадҳои байналмиллалӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллиро қабул намуда, санадҳо амалкунандаро ба он мутобиқ гардонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи экстремизм ва терроризм аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ сухан гуфта, ин зуҳуротҳои номатлубро бо далелҳо маҳкум намудаанд.

Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳар рўз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем. Мо бояд ҳамарўза ва пайваста ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рўҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монем. Бинобар ин, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ҳамкориро бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дуруст ба роҳ монанд.

Роҳбарон ва аъзоёни фаъоли гурӯҳҳои ҷинояткор ба соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисодиёт ва сохторҳои молиявию бонкӣ таъсири манфӣ расонда, сармояҳои зиёди ғайриқонуниро ба даст оварда, манфиатҳои худро дар сохторҳои қонунгузор, иҷроия ва идора ба мадди аввал гузошта, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дахолат мекунанд ва бо ҳамин роҳ қабули қарорҳои барои худ манфиатбахшро таъмин мекунанд. Онҳо дар авҷ гирондани экстремизм, дар додани ихтилофоти сиёсию миллӣ ва минтақавӣ иштирок карда, бо роҳи террори ҷисмонию маънавӣ ба низоми ҳифзи тартиботу қонун беш аз пеш муқовимат нишон дода, хеле бисёр ҷавононро ба гурӯҳҳои худ ҷалб карда, ба ҷинояткорӣ моил месозанд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсози фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳо террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвият корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Профессор Ятимов С. олими соҳаи сиёсат доир ба масъалаи мазкур дуруст қайд менамояд, ки хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақша муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Терроризм, экстремизм, дигар намуди таҳрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад. Дар он маҷмӯи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама, захираҳои ақлонӣ ва амалии он истифода мешаванд. Бе донистани моҳият (ҷавҳар)-и чунин таҳрибкорӣ, ғаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он, мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст. Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон.

Таҳияи Бахтзода Ҷомӣ