ИНТЕРНЕТРО БОЯД ВАСИЛАИ ПЕШРАФТ ҚАРОР ДОД, НА ОМИЛИ ИФРОТГАРОӢ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Асри ХХI давраи босуръати илму техника ва технология, зуҳури самтҳои нави илм ва дар маҷмӯъ таҳавулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи омӯзиш ва дар амал татбиқ кардани онҳо дар навбати аввал аз фаъолияти устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсили хубу босифати ҷавонон вобаста аст. Зеро дар чунин шароит талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт ҷидди гардида, илм рӯз ба рӯз ба манбаи арзишманд ва пурқиммати башар табдил меёбад. Гузашта аз ин, дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст.

Эмомали Раҳмон

Дар замони муосир бо вуҷуди пешрафти техникаву технологияҳои муосир ва тақозои ҷомеа ба ин раванд, интернет дар навбати худ дар пешбурди мушкилоти ҷомеа нақши муассир дорад. Бо гузашти замон ва пайдо шудани имкониятҳо олимон ба ихтирои шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ машғул гардида, имконияти васеи истифодабарии онро ба ҷомеа осон намудаанд.Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки ба зоти худ пайдоиш ва тадриҷан рушди интернет натиҷаи пешрафтҳои зеҳнии башарият аст. Акнун интернет меҳвари асосии иртиботи байналмилалист, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти башарӣ таъсиргузор аст. Мутаассифона, имрӯз зарфиятҳо ва имконоти фаррохи ин шабакаи глобалӣ омили сӯйистифода ба манфиатҳои ғаразноки ашхоси алоҳида, гурӯҳҳо ва ҳатто давлатҳову қудратҳо низ табдил ёфтааст. Ин гуна муносибатҳои зиддибашарию зиддиинсонӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намешавад. Аз ин хотир, лозим аст, ки ҳар корбари тоҷики интернет бо дарки воқеиятҳои талхи фазои маҷозӣ Интернетро василаи пешрафт қарор диҳанд, на омили ифротгароӣ ва дигар падидаҳои шуми зиддибашарӣ.Бо вуҷуди зиёд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ, дастрасии ҷомеа ба интернет афзоиш ёфта, имрӯзҳо онро ҳар гурӯҳ ва ё шахс бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд. Масалан, ҳамчун василаи дарёфти иттилоъ, гирифтани маълумот, муошират байни якдигар ва хешу табор, тарғибу ташвиқ ва бархе афрод барои ба даст овардани маблағ ва ғайра хоҳишҳои шахсиву гуруҳӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, рушди бемайлони техникаву технологияи муосир, пурзӯр гардидани ҷангҳои иттилотӣ, ноором будани вазъи сиёсии ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои экстремизму терроризм бар ҷомеаи ҷаҳонӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҳар як шахс нақши муҳим ва заруриро талаб менамояд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба телефонҳои мобилӣ зиёд буда, ҳар кадоми онҳо бо шабакаҳои интернетӣ пайваст мебошанд ва ба бозиҳои интернетӣ фикрҳои онҳо мағшуш мегардад, ки ин амалионҳо дар коста гардидани таълиму тарбия ва дониши онҳо таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ падару модар, омӯзгорон, аҳли зиёи кишвар ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ва ҷавонон, бетараф набуда, ба қавле илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ бигиранд.

Бояд қайд намуд, ки аксарияти ҷавонони мо имрӯзҳо барои қути лоямут ё ин ки беҳтар намудани сатҳи зиндагиашон ба Федератсия Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аз падару модар ва аҳлу байт дур кору фаъолият менамоянд. Онҳо набояд аз мадди назари волидайн дур монанд. Оила ва падару модарро зарур аст, то зимни суҳбатҳои телефонии пайваста аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуда, таъкид намоянд, ки аз нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва хатарҳои гуррӯҳҳои ифротӣ эҳтиёт бошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир бархе аз ҷавонони мо аз беаҳамиятӣ, надоштани маданияти дурусти истифодабарӣ, камсаводӣ ва ё баланд будани эъдиқоди диниашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гуруҳҳои иртиҷоӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шомил гардида, ин амали онҳо ҳам ба худ ва ҳам ба мафкураи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.Набояд фаромуш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро пеш гирифта, дар минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ Пешвои миллат борҳо баён намуданд, ки «экстремизм ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад» ва мо ҳамеша бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза мебарем.