ФОТИМАИ САМАРҚАНДӢ-ОЛИМАЕ, КИ ШӮҲРАТИ ҶАҲОНӢ ДОШТ 

Ҳамадонӣ: Андеша  

Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар масири пур аз шебу фарози таърих бисёр донишмандону нобиғагон ва олимони нотакрорро тарбия намудаву ба камол расонида, ба арсаи илм ворид намудааст, ки онон бо илму маърифати худ шӯҳрати ҷаҳониро касб намуда, номи неку поки тоҷиконро ба оламиён ошно намудаанд. Дар воқеъ, аз ҳамон замоне, ки инсон соҳибхираду соҳибмаърифат гардид, тоҷикон ба нахустин андешаҳои илмӣ пардохта, тавассути тафаккури олии худ барои ба вуҷуд овардани аввалин донишҳо заминаи мусоид гузошта, барои равнақи он талош варзиданд ва бо илму маърифати худ ҷаҳонро пурнур гардониданд. Андешаи олии маърифатпарварӣ ва илмомӯзӣ, ки дар қалбу руҳи онон маскан ихтиёр карда буд, онҳоро водор менамуд, ки бо ҷиду ҷаҳди тамом ба сӯйи пеш қадам ниҳанд ва дар ҷодаи илму маърифат мақоми пешсафиро ихтиёр намоянд. Ҳақиқатан ҳам, тавре ки Сайид Бурҳониддин Бузургмеҳр қайд намудааст: “нахустин шуда аз насли Одаму Ҳавво – нажоди Ориёӣ дарк ва эҳсос карданд, ки донишу маърифат ҳамон нури пурзиёи эзидист, ки маҳз тавассути он метавон дунё ва Офаридгорро шинохт ва маҳз тавассти он метавон ҷаҳони торику пурғавғо ва пуршӯр шари инсонҳои хокиро мунаввар сохт”. Ҳамин андешаҳои нек буд, ки тоҷикон новобаста аз бурду бохтҳои азим бо тамоми ҳастӣ барои омӯзиши илм ва кашфи асрору ҳаводисҳо саъю кӯшиш карда, ба қуллаи мурод мерасиданд. 

 

Тоҷикон дар дарозаи таърих ба омӯзиши илм бо саодатмандӣ қадам ниҳода, дар баробари мардон ба омӯзонидани занон низ талош менамуданд ва онҳо хуб дарк мекарданд, ки як зани соҳибмаърифат метавонад дар ташаккули фарзанди хеш нақши муҳим гузошта, онҳоро соҳибилму маърифат намояд. Ана ҳамин буд, ки аз занони маърифатпарвару диловари тоҷик ҳазорҳо донишманду нобиға ва қаҳрамонону таҳамтанони замон ба камол расиданду номи миллатро шӯҳрати ҷаҳонӣ бахшиданд. Дар воқеъ, занони оқилу хирадманди тоҷик бо ақлу заковати хеш дар тамоми ҷодаҳои зиндагӣ муваффақ шуда, бо илму фазилат ва маърифату хиради хеш шӯҳрати ҷаҳониро касб кардаанд. Яке аз ин гуна занҳо, ки бо илму дониши худ номдору номбардори миллати тоҷик дар кулли олам гардид, донишманди бузург ва фақеҳаи шинохта Фотима бинти Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ ба шумор меравад, ки бо илму дониши худ ҷаҳони исломро мусаххар намудааст. 

 

Фотимаи Самарқандӣ яке аз бузургтарин зани донишманди қуруни вустоии тоҷик буда, дар оилаи яке аз барҷастатарин олими мазҳаби Ҳанафия Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ ба дунё омадааст. Дар мавриди соли таваллуди ӯ иттилои дақиқе мавҷуд набуда, вафоташро ба соли 1185 мансуб медонанд. Падари Фотима, ки аз илмҳои замонааш бархӯрдор буд, новобаста аз тадрису таълиф ба таълиму тарбия ва илмомӯзии фарзандаш талош мекард. Ин омил боис бар он шуд, ки Фотима чун духтари донишманду закӣ ба воя расида, илмҳои замонаашро аз худ кунад ва дар як муддати кутоҳ чун зани соҳибилму донишманд дар байни мардум забонзада гардад. Шӯҳрату овозаи сирату сурати ӯ ба гуши ҳокимони замон афтода, ба назди вай бо тӯҳфаю ҳадяҳои зиёд барои издивоҷ хостгорҳо мефиристоданд. Аз сабабе, ки падар аз аҳли фазлу илм буд ва илму маърифатро авлотар аз пулу сарвати дунё медонист, дархости онҳоро рад намуда, духтарашро ба шогирдаш Абубакр ибни Масъуд Аҳмади Косонӣ, ки аз ҷумлаи олимони бузург гардида буд, хонадор мекунад. Ҷолибияти ин хонадоршавӣ он аст, ки Аҳмади Косонӣ бар китоби устодаш Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ, ки “Туҳфату-л-фуқаҳо” ном дошт, шарҳе бо номи “Бадоеъу-с-саноеъ фӣ тартиби-ш-шароеъ” навишта, онро ба ӯ тӯҳфа мекунад ва ҳамин китоб ҳамчун маҳри духтар интихоб мешавад ва онҳо то вопасин рӯзҳои ҳаёт бо ҳам буда, дар илм ба якдигар кумак мерасониданд. 

 

Фотимаи Самарқандӣ ҳанӯз дар синни ҷавонӣ илми хаттотӣ, ҳадис ва фиқҳи исломиро хуб аз бар намуда, ба падару шавҳар ва ҳокимон дар масоили ҳуқуқи исломӣ ва дигар масъалаҳои фиқҳӣ машварат медод. Ҳатто нақли аҷибеааст, ки ҳангоме ки шогирдон ба Аҳмади Косонӣ саволҳои душвор медодаанд, ӯ аз шогирдон иҷоза гирифта, ба хонаи худ рафта ва баъдан бозгашта, ҷавоби суолро ба онҳо мегуфтааст. Ин ҳолат зиёд рух медодааст ва маълум гардида, ки ӯ ҷавоби саволҳоро аз ҳамсари худ Фотима пурсон шуда, ба назди шогирдон омада, посух медодааст. Доктор Муҳаммад Ҳошимӣ низ ин нуқтаро ишора намуда, қайд мекунад, ки “Фотима иштибоҳоти ӯ (Аҳмади Косонӣ-С.М.)-ро ислоҳ мекард”. 

 

Дар давраи ҳаёту фаъолияти Фотимаи Самарқандӣ вазъи сиёсии минтақа он қадар хуб набуд. Миёни ҳокимони қарахонӣ, ки шаҳри Самарқандро дар даст доштанд доимо ҷангу норомиҳо ба миён меомад. Гарчанде ки тоҷикон барои пешрафти илму маърифати шаҳри аҷдодии хеш кушишу тадбири зиёд меандешиданд, аммо шаҳр мақому манзалати пештараашро аз даст дода, ба макони задухурдҳои байни қабоили бодияниши турк табдил ёфта буд. Ҳамин омилҳо боис мешавад, ки Фотима ва Аҳмади Косонӣ дархости ҳокими турки Ҳалаб Нуриддини Зангиро қабул намуда, тарки ватани аҷдодии хеш намоянд. Нуриддин тибқи иттилооти таърихӣ дар ҷангҳо бар муқобили Салибдорон пирӯзиҳои зиёде ба даст оварда, аз ҷумлаи ҳокимони диндор ва адолатпеша будаааст. Ӯ дар гирди худ донишмандони зиёдеро ҷамъ оварда, маҳфилҳои динӣ ташкил мекардааст ва хондани ҳадисҳоро бисёр дӯст медоштааст. Ҳамин буд, ки Фотимаву Косонӣ зуд ба назди ҳоким ташриф оварда, ба доираи маҳфили ташкил менамудаи ӯ ворид мешаванд. Ин ҳоким, ки ба Фотима сахт эҳтиром дошт ва ӯро чун донишманди тавоно қабул мекард, дар масъалаҳои исломӣ аз ӯ машваратҳо мепурсид. Ҳатто, замоне ки падари Фотима тарки ҳаёт намуд ва ӯ мехост ба зодгоҳ баргардад, ҳоким шахсан ӯро водор намуд то дар Ҳалаб бимонад. 

 

Бояд қайд намуд, ки дар Ҳалаб низ шӯҳрати Фотимаи Самарқандӣ коста нашуда, баръакс боло мерафт. Аз гушаҳои гуногуни ҷаҳони ислом толибилмон ба назди ӯ омада, ба онҳо тадрис доданашро талаб мекарданд. Ба навиштаи нависандаи суриягӣ Муҳаммадризо “Занону мардон аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон танҳо барои таҳсил ба Ҳалаб меомаданд, ки таҳти роҳбарии ӯ таҳсил кунанд”. Ба навиштаи баъзе аз муаррихон Фотимаи Самарқандӣ дар фиқҳи исломӣ як қатор китобҳо таълиф намудааст, ки мутаасифона то замони мо омада нарасидаанд ва ҳамин сабаб гардидааст, ки тибқи навиштаи Муҳаммадризо ин зани донишманд ва соҳибхираду маърифат “дар ҷомеаи патриархалии асримиёнагӣ зуд ба фаромӯшӣ равад”. Ӯро нахустин нафаре меноманд, ки дар моҳи шарифи Рамазон анъанаи омода кардани ифторро асос гузоштааст. Ҳатто, навиштаанд, ки дар аввалин ифтор ӯ дастбандҳои худро фурӯхта, барои фақирҳо ифтор ташкил намудааст. 

 

Фотимаи Самарқандӣ тибқи иттилои баъзе аз муаррихин дар соли 1185 дар Ҳалаб чашм аз олами ҳастӣ пушида, ин дунёи фониро тарк мекунад ва дар ҳамонҷо гуронида мешавад. Шавҳараш Аҳмади Косонӣ доимо ба назди қабри ӯ дуохонӣ омада, баъд аз чандсоли вафоти ҳамсараш тарки ин дунё мекунад ва дар паҳлуи ӯ ба хок супорида мешавад. 

 

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Фотимаи Самарқандӣ аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастатарин занони донишманди дунё ба шумор рафта, бо кору пайкори наҷибонаи худ шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Албатта, бузургии ӯро бо чанд андешаи кутоҳ наметавон баён дошт, аммо воқеъбинона метавон гуфт, ки ӯ яке аз машҳуртарин занони олами ислом аст ва бо илму дониши хеш дар замони худ бузургтарини онҳо ба шумор мерафт. Ӯ ҳамчун як зани донишманди тоҷик аксарияти улуми исломиро аз худ намуда, чун устоди нотакрор дар соҳаи худ маълуму машҳӯри ақсои олам мегардад. Мутаассифона, кору пайкори ин зани тоҷик то ба ҳол ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор наёфтааст ва донишмандони тоҷикро месазад, ки баҳри ба таври шойиста муаррифӣ намудани ин зани тоҷик камари ҳиммат бубаста, ҳаёту фаъолияти онро ба ҳамагон шиносонанд. Ҳамзамон, ба хотири гироми доштани номи неку поки ӯ, ки муаррифгари миллати мост, мавзее ба номи ӯ гузошта шавад, то ки насли имрӯза аз доштани чунин донишманде мояи ифтихор намоянд. 

 

Воқеан, ҳаёту фаъолияти ин зани донишманди тоҷик дарси ибратест барои насли имрӯза. Ҳамакнун, тамоми аҳли ҷомеа, бахусус кулли занонро мебояд, ки аз зиндагии ибратбахшу фаъолияти пурсамари ин олимаи бузурги тоҷик сабақ андӯхта, аз ҷавони ба омӯзиши илму дониш пардохта, донишу маърифатро бартар аз ҳамаи молу сарват ҳисобанд ва дар тарбияи насли бофарҳангу соҳибхиради тоҷик саҳми арзишманди худро гузоранд.

 

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ

унвонҷӯ

Самандар МАҲМАДАМИНОВ

донишҷӯи факултети таърихи ДМТ