РАДИО ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Радио дар густариши фарҳанги миллии тоҷик хизмати бузурге кард ва ин ҷойгоҳи волои худро ҳифз кардан дорад.Ин рӯзномаи бекоғаз ва театри ба назар нонамоён ба ҳама ҷо ворид шуда оҳанги хуши забони модарии моро дар дилҳо навозиш медиҳад.Нисфи умрам доим вобаста бо радио будааст.Ҳашт соли пур дар радиои Тоҷикистон дар бахши адабӣ ва драмавӣ кор кардаам, ки мудири беҳамто Иноят Рустамова ба ҳама адибони тоҷик модару хоҳар барин ғамхор буданд. Дар хазинаи тиллоии ин радио то ҳол бисёр ҳикояҳои тарҷумакарда ва навиштаам маҳфузанд.Аввалин радиопйесаро дар таърихи Радиои Тоҷикистон камина навишта буд.Сипас солҳои зиёд бо радиоҳои Озодӣ ва Бурунмарзии Эрон ҳамкорӣ доштам.Мехоҳам дар ин рӯзи кашфи радио ҳамаи онҳоеро, ки дар радиоҳо бо ман ҳамкор буданд, аз таҳти дил табрик кунам! Бо ихтирои интернет радио имконияти бузурги тасвирӣ пайдо кардааст.Радои ҳеҷ вақт кӯҳна нахоҳад шуд. Онро мошин ронда равон, дар сари дег ош пухта истода,ба кӯҳи баланд баромада истода метавон гӯш кард, ва доим аз мусиқии ноб лаззат бурд .Солҳои шӯравӣ дар Самарқанд радиои тоҷикии вилоят ягона воситаи расонаӣ буд ки аз ғановати бузурги забони тоҷикӣ дарак медод.Дар ёд дорам аввалин ҳикояҳоям ба воситаи ҳамин радио садо дода буданд.Кормандони аввалини ин радио шоир Салим Кенҷа ва Абдукарим Ғанизода буданд.Ёди ҳамкорони собиқам дар радиоҳо Ҷумъа Дӯстов, Муҳаммадраҳими Сайдар, Салими Хатлонӣ гиромӣ бод ва гӯрашон пурнур бошад!.
Адаш Истад