ҲЕЧ НЕЪМАТЕ МУҚАДДАСТАР АЗ ОСУДАГЙ, ОРОМЙ, ВАХДАТИ МИЛЛЙ ВА ЯКПОРЧАГИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ НЕСТ!

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Тоҷикистони азизи мо ба як давлати рушдкарда табдил ёфта, дар роҳи созандагиҳои бузург қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар ин раванд мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат талошҳои ватандӯстона намуда истодаанд. Вале, дар ин раванд ҳастанд нафароне, ки ин ободӣ ва рушди устувори кишварро дидан надоранд. Имрӯзҳо хамагон хуб огоҳ хастем, ки хоинони миллати Тоҷик тариқи шабакаҳои интернетӣ фаъолияти нопоки худро давом дода истодаанд. Аксарият шахсоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мешаванд, ба ваъдаҳои бардурӯғи ифротиён бовар мекунанд, баъзе шахсон дар шабакаҳои интернетӣ дониставу надониста ворид шуда, оқибат роҳгум задани худро надониста мемонанд. Имрӯзҳо хоинони миллати Тоҷик аз давлатҳои Аврупо истода, дар паси хоҷагони хориҷиашон паноҳ бурда, ба сӯи кишвари мо сангандозӣ карда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун истода, ба кишвари мо зарари худро расониданӣ, сулҳу суботи моро ноором карданианд, ин гуна инсонҳо хандаи модарону кӯдакони моро дидан намехоҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми расман фаъолият доштани Ташкилоти экстремисти террористии ҳизби наҳзат дар ҳудуди кишвар саркардагон ва аъзоёни ин ҳизби ифротӣ, дар забон гӯё аз манфиатҳои мардум, озодию ошкорбаёнӣ суханҳои болохонадор зада, худро “ҳомии миллат” меҳисобиданд, аммо дар асл динро ба мақсадҳои сиёсии худ истифода карда, ба бозиҳои пасипардагӣ бо сенарияи таҳрезишудаи «хоҷагони хориҷӣ» ҷиҳати ҷамъоварӣ намудани маблағҳои пулӣ, аммволи манқул ва ғайриманқул дар Тоҷикистон машғул буданд. Маҳз дар ҳамин маврид, дар ҳамон шабу рӯз мардуми бехабар аз мақсаду амалҳои тахрибкоронаи зери парда ниҳони наҳзатиҳо дар назди биноҳои ҳукуматӣ барои ошӯб ҷамъ гардида, дар рӯзҳои аввали тазоҳурот даст ба амалҳои ношоиста заданд, ки боиси марги даҳҳо нафар гардида буд. Баъдан баҳри расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ин палидони наҳзатӣ мардумро ба маҳалу қавмҳо ҷудо намуданд, онҳоро ба гирдиҳамоию майдоншинӣ бар зидди сиёсати он вақтаи Ҳукумати кишвар даъват карданд, ин ҳолат оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид ва чи рӯзҳои мудҳишро ба аҳолии осоиштаи мамлакат оварданд. Дар натиҷаи ин ҷанги бародаркуш зиёда аз 150 ҳазор нафар фарзандони миллати тоҷик кушта шуданд, зиёда аз 1 миллион нафар гуреза шуда хоки Тоҷикистонро тарк карданд, аз ҷумла ба Афғонистони ҳамсоя фирор карданд. Иқтисодиёт фалаҷ гашт, давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба дасти зархаридони наҳзатӣ расид, ин разилони наҳзатӣ ба қатлу ғорати мардум машғул шуданд, тамоми дороиҳои давлатро ғасб намуданд. Яке аз душманони давлати Тоҷикистон Иқболи Садриддин аз берун истода чунин амалҳоро анҷом медиҳад, ки аз амалҳои маккоронаи ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст. Иқболи Садриддин аз хурдӣ дар оилаи шахси ҷоҳилу хурофотӣ мулло Садриддини Қаландар ба воя расидааст. Мулло Қаландар яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТЭТ ҲНИ мебошад, ки солҳои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қӯрғонтеппа ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд. Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуда, мардум маҳз ба хотири рӯёндани маблағҳои калони пулӣ барои буду боши гурезагон ва ҳам истифодаи номи «гуреза» аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шуданд. Бо ҳидоятҳои падараш Иқболи Садриддин солҳои 1992 - 1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирдони як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст. Иқболифлоси Садриддин бо чанд нафари дигари наҳзатиҳои разилу касофат, ифротию майзада мисли тудаи зоғону ғозон дар Аврупо ҷамъ омада, бо ном ҳаракату паймонҳои сохтаро ташкил намуда дар шабакаҳои интернетӣ бо ҳар баҳона ба муқобили Тоҷикистон баромад карда, ба иғвогарию дасисабозӣ даст зада истодаанд. Вале дар асл аз дасти ин қаллобону ғоратгарони наҳзатӣ коре ҳам намеояд ба ғайр аз гапчинию ғайбаткунӣ. Онҳо ғуломи ҳалқабаргӯши «хоҷагони хориҷӣ» шуда, дину имон, мазҳаб, қавму авлод ва шарафи инсониро фурўхта, нисбати давлату миллати тоҷик хиёнаткорӣ менамоянд. Имрўз мардуми кишвар Мухиддин Кабириро Иқболи Садриддинро ва дигар наҳзатиҳои хоину ватанфурӯшро хеле хуб мешиносанд, аз ақидаҳои ифротию - террористии онҳо огаҳӣ доранд, аз ин рӯ ҳаргиз намегузоранд, ки ин палидони ватанфурӯш, бегонапараст, чоплус, ҷоҳил, нокас сулҳу суботи кишварамонро халалдор созанд ва ҳамеша бар зидди ин хоинони миллату давлат муборизаи беамон мебаранд!