ЧАНД НУКТА АТРОФИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ДИН ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Яке аз музаффариятҳои муҳими инсоният дар шароити ҳукмрони ҷомеаи демократӣ эълон доштани озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мебошад. Ин имконият чӣ барои диндорон ва чӣ барои атеистҳою шаккокон неъмати бениҳоят арзишманд ба ҳисоб меравад. Чунки таърих гувоҳ аст, ки дар ҷомеаи инсонӣ аз замони мавҷудият ҳама гуна маҳкумнамоӣ ва маҳдудсозӣ вобаста ба изҳори озодонаи ирода , озодии виҷдон ва эътиқод ба назар мерасид, ки ин боиси поймолгардии ҳуқуқҳои фитрӣ мегардид. Ҳуқуқ ба озодии виҷдон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳуқуқи башар буда, чӣ аз назари илмҳои сиёсию ҷомеашиносӣ ва чӣ аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ яке аз арзишҳо ва талаботи асосии ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёди ҷомеаи дунявии демократии ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, ба ин асли ҳуқуқи башарӣ ва фароҳам шудани шароити татбиқи он аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккули сиёсати давлатӣ, эҷоди заминаи устувори ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии асосҳо ва арзишҳои таъмини озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, дар муддати кутоҳи таърихӣ ба дастовардҳои камназир муяссар гаштааст.

Ҳар як давлат муносибатро ба дин, арзиш ва муқаддасоти он аз тариқи қабули қонунҳои дахлдор ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муайян мекунад. Дар ҳамин замина озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқҳои табиии инсон буда, аз ҷониби ҳар гуна давлат эҷод намешаванд, балки ҳузури маънавиашон дар ҷомеа эътироф мегардад. Дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки 26 марти соли 2009 таҳти рақами 489 қабул гардид, беш аз даҳ сол аст, ки муваффақона амал мекунад. Он дар асоси муқаррароти моддаи 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

 

Озодии виҷдон яъне чӣ?

 

Озодии виҷдон – ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин, ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ва ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ, инчунин баён намудан ва паҳн кардани ҳама гуна эътиқоди марбут ба дин ва ҷаҳонбинии атеистӣ.

 

Саҳми давлат дар таъмини озодии виҷдон

 

Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Гирифтани таълими дини дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар мактабҳои олии динии хориҷи танҳо баъд аз гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатй оид ба дин ва оид ба соҳаи маориф иҷозат дода мешавад. Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар айни замон ҳузури таҳаммулнопазирӣ ё таассуби динӣ дар дохили ҷомеа метавонад ҳамчун абзори таъсиргузор дар дасти давлатҳои манфиатдор барои тафриқаандозӣ истифода шавад. Ба ҳамин хотир, аз даврони қадим рафтори ношояме ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотӣ бо номи мубашширон барои паҳн кардани меъёрҳои динӣ ва арзишҳои миллӣ роҳандозӣ мешуд, ки ҳатман ҳадафҳои пинҳони сиёсиро низ пай-гирӣ мекарданд.Мафҳуми «толерантиа»-и лотинӣ, ки дар забони тоҷикӣ бо вожаҳои таҳаммул¬пазирӣ, дар арабӣ – «тасомуҳ», дар русӣ – «толерантность» машҳур гаштааст, маънои «пурсабрӣ, шикебо будан ва қабул доштан»-ро дорад. Ҳамчун истилоҳи ҷомеашиносӣ он пазируфтор будан ба ҷаҳонбинӣ, тарзи ҳаёт, рафтор ва анъанаҳои дигарон аст. Таҳаммулпазирӣ ҳеҷ гоҳ муодили бетафовутӣ ё беэътиноӣ нест. Он, ҳамчунин, маънои пазируфтани ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти дигаронро надорад, балки ҳамон аст, ки бар дигарон ҳам ҳуқуқи зиндагӣ кар¬дан аз рӯйи ҷаҳонбиниро медиҳад.

Масъалаи риояи таҳаммулпазирӣ дар шакли динии он барои таъмини амнияти ҷомеаи муосир ниҳоят муҳим аст. Таҳаммулпазирии динӣ барои нигаҳдории оромии дохилӣ, пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо, хунсо кардани ғаразҳои сиёсии неру¬ҳои беруна ва безарар гардонидани таъсири онҳо ба устувории давлату миллат ва фарҳангу диёнат нақши меҳварӣ боз¬ида метавонад. Баръакс, дар ҳолати набудани таҳаммулпазирии динӣ гуногунии динҳо, конфессияҳо ва мазҳабҳо метавонад муҷиби аз дохил заиф гардидани иқти¬дори давлатҳо ва хуруҷи нооромиҳо шавад. Зимнан, дар фарҳанги миллии тоҷикон таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ ба платформаи Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ пайванди ногусастанӣ дорад.Тавре маълум аст, дар оғози асри ХХI бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни мондагори тоҷикбунёди башарият аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 мақоми байналмилалӣ гирифт. Эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани Наврӯз маҳз дар хусусиятҳои башардӯстона, мардумӣ, эҳтироми ҳамдигар ва тараннуми ҳамбастагии миллатҳо доштани он нуҳуфта аст. Консепсияи одоби ҳамзистиро пайгирӣ кардани Наврӯз дар байни қавму миллатҳои гуногун имкон фароҳам сохт, ки он аз дуриҳои дури умқи таърихи пурталотум то ба имрӯз омада бирасад. Бар пояи Наврӯз боз ҷашнҳои Меҳргону Сада дар шароити Истиқлолияти дав¬латии ҷумҳурии мо ҷойгоҳи сазовор пайдо карданд. Ҷанбаҳои инсондӯстӣ, умумибашарӣ ва таҳаммулпазирӣ доштани ин ганҷури мондагори ниёгон акнун манбаи тафохури миллати тоҷик гардидааст.

Дар ин ҷо бозгӯ намудани чаҳор принсипи асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳаммулпазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр муҳим аст:

Якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Бояд гуфт, ки ин принсип метавонад тан¬ҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ татбиқ гардад. Ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳое, ки худро ҷумҳурии исломӣ эълон намуда¬анд ва ҳизбҳое, ки сифати исломӣ гирифтаанд, далели гӯёи дурустии интихоби ҳа¬мин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон аст.Дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дун¬явият мумкин аст, ки бароба¬рии пайравони дину маз¬ҳаб¬ҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷти¬мои¬ву судӣ имконпазир гардад. Дар давлатҳои теократӣ хоҳ масеҳӣ, хоҳ мусулмонӣ ва хоҳ динҳои дигар, меъёрҳои воқеии таъмини адолат барои ҳама вуҷуд надорад. Масалан, ҳам дар шариат ва ҳам дар ҳуқуқи муқаддаси масеҳиён пайравони динҳои дигар субъекти комили му-носибатҳои ҳуқуқӣ нестанд. Мусулмон ғайримусулмонро «наҷас» ва масеҳӣ ғайримасеҳиро «поганный» (палид) мегуфтанд.Сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба ҳама дину мазҳабҳо». Бояд гуфт, ки фақат принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки намояндагони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат ҳаёти диниву фарҳангиро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоянд ва ҳамзистии комили онҳо андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.Чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маъ¬навии халқи Тоҷикистон». Қобили таваҷҷуҳ аст, ки баробари се асли дар боло зикршуда принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маънавӣ ва динии ниёгонро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Аз ин рӯ, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон махсус таъкид гардидааст. Сиғаи ифодаи ин матлаб, ҳамчунин далолат мекунад, ки таълимоти равияҳои дигари дини ислом, бахусус исмоилия низ, дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи вежа дорад. Мероси адабӣ ва илмии намояндагони ин равия дар ганҷури адабии форсии тоҷикӣ нақши мондагор дошт ва ҳанӯз ҳам дорад.Аз ин ҷост, ки дар ҳама суханронӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик боисрор таъкид мешавад.

Таҳия ва пешниҳоди Бахтзода Ҷомӣ