БАРГУЗОРИИ СИЛСИЛА ВОХӮРИҲО БО ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ НОҲИЯ

Ҳамадонӣ:  

Дирӯз бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оила Фотима Маҷидова дар колеҷи тиббии хусусии ноҳия мулоқоти судманд доир шуд. Зикр шуд, ки яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ ин таблиғи ақидаю ташвиқи ғояҳои ба мо бегона арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, бояд ҷавонони мо ҳушëру зирак бошанд, то дар доми фоиреби дигарон наафтанд. Баромадкунандагон ҳамчунин, доир ба масъалаҳои муҳим ва мушкилотҳои ҷавонон аз қабили майзадагӣ, худкушию худсузӣ, пешгирии пошхурии оилаҳо ва никоҳи хешу таборӣ маслиҳатҳои муфид доданд.