НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар аз ҷониби якгурӯҳ шахсон ноормиҳои зиёд сар зад. Мардуми сарбаланди тоҷик бесару сомониҳои зиёд ва вайронкориҳои бе мислро паси сар намуда, бо Сарвари далеру маҳбуби худ Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокатвор бурун сохта, ба як кишвари биҳиштосо мубадал гардониданд. Нақши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва оромии миллат бағоят бузург аст. Аз рӯзҳои аввали таъин шудан ҳамчун роҳбари давлат диққати асосии худро барои сарҷаъм сохтани мардуми парешон гашта зери як парчаму нишон зери як қонуне, ки таҷассумгари ормони озодиву ҳастии миллат, дорои тамоми имкониятҳо баҳри беҳдошти зиндагӣ, аз ҷумлаи таҳсил, солимгардонӣ, фаъолияти осоишта, ҳуқуқӣ ба ҳамаи неъруҳое, ки барои пешрафт ва пешбурди зиндагӣ ва мамлакат аст, равона сохт. Пешвои мардуми тоҷик ҳамаро муттаҳид намуда, аз барқарор намудани сохтори давлатӣ, ташкили Қувваҳои Мусалаҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, то тамоми мақомоту идораҳоро аз нав барқарор намуда, самти фаъолияти онҳоро ҷо ба ҷо гузошта, фаъолияту нақши онҳоро дар ҷомеъа муайян сохта, то имрӯз ба як қувваи пуриқтидори тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ намудаанд. Имрӯзҳо, хушбахтона, кишвари мо ба як мамлакате мубадал гаштааст, ки тамоми мамолики олам бевоста ташаббусҳои моро қабул ва эътироф месозанд.Ба ин васила метавон гуфт, ки дар ин самт хизматҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бағоят бузург аст. Мавриди зикр аст, ки имсол дар Паëми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун соли"Маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардид, ки он бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун аст, равона сохтанд. Маърифати ҳуқуқӣ ва аҳамияти он барои ҷомеъа чунин мебошад. Яъне, маърифати ҳуқуқӣ ин як қисми асосии давлати демократӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба шумор рафта, таъмини адолат, тартибот, озодӣ ва дигар рукунҳои муҳимми инсониро по барҷо месозад. Маърифати ҳуқуқӣ ин доштани фаҳмиши ҳуқуқӣ, ҳимояи шаъну шарафи худ ва дигарон, риояи қонун, даст назадан ба кирдорҳои ношоям, дар ҳаёти ҳаррӯза, мағозаву бозорҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва эътирофи ҳуқуқҳои дигарон ва ғайра хизмат мекунад. Чи тавреки дар модаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: "Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва дигар қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. З-ин лиҳоз риояи қонун, эҳтироми шаъну шараф дар сурати мавҷуд будани маърифати ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд. Тавре огаҳем, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардани Пешвои муззами миллат ин бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Бояд гуфт, ки нақши Пешвои миллат дар таъмини қонунгузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бағоят бузург аст. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониш, саҳм гузоштан ба арзиши милли ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд қабул мегардад. Ба ин васила водор сохтани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ баҳри иҷориши қонунҳо ва таъмини осоиштагии кишвар пешгирии ҷиноятҳо ва ҳаргуна ҳуқуқвайронкуниҳо низ азназар холӣ нест. Гуфта мешавад, ки ҳамасола ҷиҳати ба танзим даровардани тартиботи ҷамиятӣ ҷорҳои нав андешида мешавад, зеро ҷомеъаи кунунӣ рӯз то рӯз рушд намуда, муносибатиҳои ҷамъиятӣ тағир ёфта истодааст. Аз ин хотир Сарвари давлат гуфтаанд: "Ҳолати мазкур ба ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хос буда, дар ин замина супориш дода мешавад, ки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати баланд бардоштани савия ва дониши касбии кормандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватанпарастӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тоза намудани сафҳои мақомот аз шахсони тасодуфӣ ва аз нигоҳи рӯҳӣ ноустувор тадбирҳои пайвастаро амалӣ намоянд. Нақши Пешвои миллат дар таъмини маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беназир буда, аз рӯзҳои давлатдории худ оид ба самти корбари фаъолият, ваколату уҳдадориҳои онҳо чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, кодексҳо, қонунҳои конститутсионӣ ба табъ расиданд. Пеш аз ҳама, дар сатҳи аввал дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, поркратута, милитсия, суд ва ғайра такид месозанд, бояд одоб, адолат, донистани забонҳои хориҷӣ, сатҳи саводнокӣ дар мадди аввал қарор гирад. Пеш аз он, ки мо шахси дигарро ислоҳ кунем, бояд худ аввал ислоҳ шавем ва ба талабот ҷавобгӯ бошем. Ва оид ба масъалаҳои гуногун терраризму экстремизм, қалобии хариду фурӯши одамон ва роҳҳои пешгирии онҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳар лаҳза супоришҳо ва дастуриҳо медиҳанд. Огоҳ месозанд, ки: "Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла терроризм, эктремизм, хариду фурӯшиодамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ барои ҳар як кишвар вазифаи муҳим мебошад." Зеро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа бидуни фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тасавур кардан ғайри имкон аст. З-ин сабаб фаъолияти онҳо назаррас арзёбӣ гардида, ҳар лаҳза қадрдонӣ мегарданд. Масалан, фаъолияти мақомоти поркуратура, ки назорати иҷориши қонунҳоро таъмин месозад, водор мегардад, ки дар ҳама ҳолатҳо баланд будани маърифати ҳуқуқӣ ва саводноки онҳо аз назар дур нест. Аз инҷост, ки: Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳа ва фаъолияти кормандони прокуратураро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасӣ карда, барои таъмини волоияти қонун, риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва иҷрои дигар супоришҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо медиҳанд. Таъкид менамоянд, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза боҷинояткорӣ равона гардидааст.

Хулоса, имрӯз баланд будани маърифати ҳуқуқӣ донистани забонҳои хориҷӣ бояд барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи аввал бошад. Мо имрӯз ҳуқуқшиносони ояндаро мебояд аз тамоми илмҳои замона бохабар шавем, дар фикри худ устувор бошем, бо адолат оқилона кор ва фаъолият намоем. Пайрави асили Пешвои муаззами миллат бошем ва шукри тинҷиву осоиштагиро баҷо оварем.

ҲАСАНОВА МАЛИКА,

донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ