ИСТИҚЛОЛИЯТ- НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Ҳамадонӣ: Андеша  

  Вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон дошт, ояндаи давлату миллат бар мабнои ин неъмати бебаҳои таърих - истиқлолият рӯшан гашта, бар дили пиру барнои ин миллат шуълаи умед пайдо гашт. Баъди ба даст овардани истиқлолият роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди чунин ҷомеа гуногунандешии сиёсӣ аст. Дар асоси талаботҳои ҷомеаи демократӣ ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо дар чаҳорчўбаи қонунгузории кишвар ҳуқуқ доранд, ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд. Ман ҳамчун омӯзгори ҷавон ин ҳама дастовардҳои назарраси дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аввалан, дар ба даст овардани Истиқлолият, сониян, аз баракати иҷлосияи тақдирсоз медонам. Ман ҳамчун омӯзгори ҷавон роҳи тайкардаи пуршараф ва пурифтихори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, ин Ватанро аз самими қалб дӯст медорам. Ба андешаи ман, ҷавонон бояд пеш аз ҳама, он дастовардҳои нодири замони соҳибистиқлолият манфиатҳои давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, ба гузаштаи пурифтихори хеш эҳтиром гузоранд. Мо, омӯзгорон шукургузорем аз тақдир, ки дар замони соҳисӣиқлолӣ ба сар мебарем. Ба қавли шоир: Неъмате беҳтар зи истиқлол нест.

       

Довуди Исмоил, муовини директор оид ба таълиму тарбияи МТМУ №26.