ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН” – РОҲНАМОИ ҶАВОНОН

Ҳамадонӣ: Андеша  

Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва пешрафта ба онҳо такя мекунем. Эмомалӣ Раҳмон.

Тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат қарор қарор дорад. Ватандӯстӣ дӯст доштан, содиқ будан ба Ватан ва миллати худ, ғамхорӣ ба манфиатҳо ва тақдири таърихии кишвари худ, эҳтиром гузоштан ба гузашта ва арзишҳои миллии ниёгон, ифтихор доштан аз дастовардҳо ва муввафақиятҳои ҳамватанони худ мебошад.

Чуноне,ки Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳояшон қайд менамоянд, танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад, дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии ватани худро таъмин созад. Мафҳуми “ватандӯстӣ ва тарбияи ватанпарастӣ” дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” чунин шарҳ дода шудааст: “Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои кишвар, сарзамин, Ватан ифода меёбад”. “Тарбияи Ватандӯстӣ фаъолияти мураккаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатиии худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои чамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шарҳвандию ӯҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст”.

“Ифтихори миллӣ” худро шинохтан аст ва ҳар кас аввал бояд худро шиносад, ки кисту аз кадом қавлу миллат аст. Бояд ҳар кас ба души хеш масъулияти бузургеро дошта бошад, ки ӯ намояндаи як миллате дар арсаи ҷаҳонист ва дар миёни дигар кавму миллатҳо бояд фарқкунанда бошад, ки ӯ тоҷик асту ифтихор аз миллати хеш дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки ба миллати тоҷик хатари парокандагию нобудӣ борҳо таҳдид карда, давлатдорияш ба завол рӯ ба рӯ шудааст. Аммо мардуми тоҷик ҳамеша тӯли асрҳо ҳуввияти худро ҳифз намуда, то ба боргоҳи истиқлолияти милливу давлатӣ расидааст. Дар ҷаҳони имрӯза низ кам нестанд, нафароне ки мехоҳанд бо ҳар роҳу усул дар ҷомеа нотинҷӣ андозанд. Ҳодисаҳоҳои нохуши солҳои охир ба вуқӯъ омада истода, моро водор менамояд, ки ҳамарӯза ҳушёр бошем ва чуноне ки Пешвои миллат таъкид менамояд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Масъалаи асосие ки дар ин замина пешоруи миллат қарор мегирад, роҳ надодан ба бегонашавӣ, бегонапарастӣ ва беэҳтиромӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ мебошад. Аз ин рӯ ҷиҳати парвариши шахсиятҳои фарҳангии худогоҳ, асил, парварда бо ормонҳои волои ҷомеаи анъанавӣ ва ғояҳои бузурги замони нав милллатпарвар, меҳнатдӯст ва фидокор нахустин ва муҳимтарин марҳилаҳои худшиносии иҷтимоию маънавӣ ва худогоҳии миллии шахс дар рафти таҳсилоти миёнаву олӣ бояд бошад.

Тарбияи ватандӯстӣ аз оила, боғча, мактаб оғоз шуда, ниҳоят дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба камол мерасад. Ҷавонмардони имрӯз, ки ҳомии Ватан ва сохти конститутсионии давлатанд, бояд дар руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ, худшиносиву ваҳдати миллӣ тарбия ёфта, бо рафтору кирдори худ рамзи далериву шуҷоат ва ҷавонмардиву матонат бошанд.

Тарбияи ватанпарварӣ маънои ташаккул додани инсонро дошта, ҳадафи он дар ниҳоди наврасон парваридани хислатҳои мардонагиву далерӣ ва эҳсоси муҳаббату садоқат ба Ватан мебошад. Мақсад ва мазмуни тарбияи ҳарбӣ, ватандӯстӣ ба ҳимояи Ватан нигаронида шудааст. Барои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон, нақши қонуни болозикр дар тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза мавқеи калидиро ишғол мекунад, зероқисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мо, ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки маҳз мо ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоем ва бояд талош бар он варзем, ки дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст.

Гулафрӯз Бобиева - донишҷӯи факултети идоракунии давлатӣ, роҳбари Шӯрои духтарони Академия