ТАЪСИРИ ТЕРРОРИЗМ БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ҳадафи терроризм танҳо аз байн бурдани ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун аст. Он ба арзишҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ қарор доранд, аз қабили эҳтиром ба ҳуқуқи инсон; волоияти қонун; қоидаҳои ҳифзи шаҳрвандон; таҳаммулпазирӣ байни халқҳо ва кишварҳо бевосита ҳамла намуда, дар амалишавии ин принсипҳо таъсири манфии худро мерасонад.

Терроризм бевосита ба қобилияти истифода бурдани ҳуқуқҳои муайяни инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва тамомияти ҷисмонӣ таъсир мерасонад. Амалҳои террористӣ метавонанд, ҳукуматҳоро ноором созанд, ҷомеаи шаҳрвандиро халалдор созанд, сулҳу амниятро халалдор созанд, рушди иҷтимоию иқтисодиро зери хатар гузоранд ва ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ таъсири махсусан сахти манфӣ расонанд. Ҳамаи ин ба татбиқи ҳуқуқҳои асосии инсон бевосита таъсир мерасонад.

Фаъолияти террористӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ маънои табъиз, поймол ёмаҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахсро дорад, ба амнияти инсон ва дар ниҳоят ба ҳаёти ӯ таҳдид мекунад. Ин дар соҳаҳои гуногун зоҳир мешавад: ҳаёти маънавӣ ва сиёсӣ, вазъи иқтисодӣ ва ғайра. Яъне бо ин бевосита гуфтан мумкин аст, ки амалҳои террористӣ боиси бевосита ё бавоситаи тадбирҳои гуногуни барои пешгирӣ андешидашаванда маҳдуд гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад.

Аҳамияти муносибати мубориза бо терроризм ва риояи ҳуқуқи инсонро аз ҳад зиёд арзёбӣ кардан душвор аст, зеро ғалабаи комил бар терроризм ғайриимкон аст, агар воситаҳои таъмини амнияти шахси мушаххас бо ҳуқуқи инсон, ки дар моддаи 3 “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” муқаррар шудааст, мувофиқат накунанд. Мубориза бар зидди терроризм, амният, ҳуқуқи инсон ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ падидаҳои якдигарро истисно намекунанд, балки баръакс зич алоқаманданд. Дар шароити таҳдиди террористӣ онҳо бояд бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд.

Солҳои охир усул ва ҳаракатҳои амали террористон пайваста рушд ва такмил меёбанд. Дар ин росто, агар дар гузашта террор амали зидди шахсони алоҳида ё гурӯҳҳоро дар назар дошт, акнун террор алайҳи тамоми халқҳо ва давлатҳо, ки аз ҷониби сохторҳои хуб ташкилшуда ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳазшуда, аз ҷумла давлатӣ ва байналмилалӣ амалӣ карда мешавад, васеъ паҳн шудааст. Дар ҳолати мазкур барои пешгирии амали террористон давлат маҷбур аст, ки чораҳои муносиб андешад, аз ҷумла баъзе ҳуқуқҳои инсонро маҳдуд кунад. Яъне бевосита терроризм ва оқибатҳои номатлуби он давлатҳоро ба маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ба хотири таъмини амнияти шахсиашон равона месозад.

Таъсири зиёновари терроризм ба ҳуқуқ ва амнияти башар дар зинаҳои болоии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Шӯрои Амният, Комиссияи собиқи ҳуқуқи Башар ва Шӯрои нави ҳуқуқи Башар эътироф шудааст.

Махсусан, давлатҳо муайян кардаанд, ки:

1. терроризм ба шаъну шараф ва амнияти инсоният дар ҳар куҷое, ки набошанд, таҳдид мекунад;

2. ба ҷони одамони бегуноҳ таҳдид мекунад ё ба ҳалокат мерасонад;

3. барои одамон фазои тарсу ҳаросро эҷод мекунад, ки онҳо озодиро эҳсос намекунанд;

4. озодиҳои асосиро халалдор мекунад ва ҳадафи аз байн бурдани ҳуқуқҳои инсон мегардад;

5. ба волоияти қонун таъсири манфӣ мерасонад ва ба фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ халал мерасонад;

6. ҳадафи вайрон кардани асосҳои демократии ҷомеа ва ноустувории ҳукуматҳои қонуниро дорад;

7. ба тараққиёти иҷтимоию иқтисодии давлатҳо таъсири манфӣ расонида, муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳоро зери хавф гузошта, ба ҳамкории давлатҳо, аз ҷумла ба ҳамкорӣ барои тараққиёт таъсири манфӣ мерасонад;

8. ба ҳудуд ва амнияти давлатҳо таҳдид карда, мақсаду принсипҳои давлатҳои муттаҳидаро дағалона вайрон мекунад;

9. ба амнияти байналхалқӣ таҳдид мекунад, ки ин яке аз асосҳои муҳимтарин мебошад.

Фаъолияти террористӣ ҳамчун амал маънои табъиз нисбат ба шахс, поймол кардан ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва ба амнияти инсон таҳдид ба вуҷуд меорад ва дар ниҳояти кор, худи ҳаёти ӯ низ зери хатар гузошта мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқҳои инсон арзишҳои умумибашарӣ мебошанд ва кафолатҳои ҳуқуқӣ, ки шахсони алоҳида ва гуруҳҳои онҳоро муҳофизат мекунанд танзим менамояд.

Гарчанде, ки ин фарқият на ҳамеша равшан аст, бояд қайд кард, ки дар аксари мавридҳо характери террористии кирдор ба назар гирифта мешавад,ҳамчун ҷиноятҳое, ки шахсони алоҳида содир кардаанд шахсоне, ки аслан худашон масъулияти ин гуна кирдорҳои ғайриқонуниро ба зимма надоранд.

Зайнулло БЕГЗОДА муовини сардори раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси Академия