ЯК АСРИ ШУКУФТАНҲО

Ҳамадонӣ: Андеша  

Дар ҷаҳони муосир, ки тамоми давлату миллатҳо зери таъсири ҷаҳонишавӣ ва таззодҳои мусбату манфии он тавсеа меёбанд, масъалаи давлатдорӣ ва ҳимояи манфиатҳову арзишҳои миллӣ аҳамияти махсусеро касб намудааст. Махсусан, ташкил ва устувор нигоҳ доштани давлати миллӣ дар гирудори зиддиятҳо қаҳрамониву ҷоннисориҳоро талаб мекунад. Чуноное ки д.и.с., профессор С.Ятимов дар мақолаашон “Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат” қайд намудаанд, “соҳиб шудан ба давлати миллӣ – натиҷаи муборизаҳои ҷоннисорона барои истиқлоли миллӣ мебошад ва бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифз кардани абадияти миллат, ҳамчунон нишонаҳои асосии он - забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайриимкон аст”.

Илмҳои сиёсӣ давлати миллиро чун шакли сиёсии худмуайянкунии миллатҳое, ки дар ҳудуди муайян ташаккул ёфтаанд ва дар сувернитети умум афзалият пайдо кардаанд, маънидод мекунад. Дар давлати миллӣ мафҳумҳои ягонагии сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа, пешрафти дастаҷамъӣ, ҳуқуқ ва инкишофи шаҳрвандон, махсусан баробарӣ ва бехатарӣ дар дараҷаи аввал қарор мегирад. Дар баробари муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ макони асосие, ки тамоми унсурҳои давлатро ба фаъолият дароварда, мутамарказиятро танзим мекунад ва барои пешрафти давлат замина мегузорад - ин пойтахт мебошад. Ҳамзамон, ташаккул ва тавсеаи миллат дар доираи давлат, танзими вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятии пойтахти мамлакат алоқамандии зич дорад. Пойтахти мамлакат ҳам аз ҷанбаи илмӣ-назариявӣ ва ҳам сиёсӣ-амалӣ асоситарин пояи сохтори давлатдорӣ буда, муҳимтарин қисмати ҳаёти рӯзмарраи мамлакат ба ҳисоб меравад. Яъне, як миллат , як халқ ба пойтахт менигарад, ба он умед мебандад. Зеро ҳар ҳукму қонуне, ки ояндаи халқро месозаду зиндагии онро танзим менамояд, маҳз аз пойтахт содир мешавад.

Ба муҳимияти мавзӯи мазкур аҳамият дода, Мақомоти Олии қонунгузори кишвар расман дар моддаи 4 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми миллати тоҷик ва халқи ҷаҳон эълон намуданд, ки “Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аст”.

Душанбе – шаҳри ормонҳову орзуҳои мардуми тоҷик, маркази инкишофи фарҳангу тамаддун ва оинаи пурҷилои Тоҷикистон аст. Имрӯз Душанбе ба макони амалишавии орзуҳо, илму маърифат ва дастовардҳои насли ҷавон табдил гаштааст. Насли ҷавони кишвар зинаи аслии ташаккули маърифатӣ ва касбии худро маҳз дар пойтахт орзу ва тасаввур мекунад. Орзу мекунад, ки мактабро хатм карда, ба пойтахт, барои идомаи таҳсил равад. Ҳамзамон, бояд эътироф намуд, ки элитаи сиёсӣ, илмӣ ва беҳтарин мутахассисони касбӣ дар пойтахт касб омӯхтаанд ва такмил ёфтаанд. Дар ин баробар, пойтахти мамлакат зербино ва таҷассумгари суботи кишвар мебошад. Маҳаки баҳогузорӣ ба осудагии мамлакатро ҳам, инсоният аз рӯи вазъу шароити ҳаёти пойтахти давлат муайян мекунад. Агар амнияти марказӣ таъмин набошад ва зери суол қарор бигирад, сарзамин наметавонад орому осуда бошад. Аз ин ҷиҳат, таъкид бояд кард, ки сиёсатмадорони бузург асолати давлатдориро ба пойтахти он марбут медонанд.

Мусаллам аст, ки тамоми биноҳои асосии мақомотҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои илмӣ – татқиқотӣ ва сафоратхонаҳо маҳз дар пойтахти мамлакат ҷой гирифтаанд ва тамоми қарорҳои сиёсӣ, муносибатҳои дипломатӣ, шартномаҳои иқтисодӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар пойтахт баргузор мегардад. Имрӯз пойтахт маркази баҳамоӣ ва сарҷамъии тамоми ҷавонони минтақаҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон гаштааст. Имрӯз пойтахти мо ҳамчун маркази инкишофи тамаддуну фарҳанг, илму маориф ва дӯстиву муттаҳидӣ шинохта мешавад. Имрӯз Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст, ки қариб дар ҳама ҷанбаҳои саноат аз ҷумла саноати сабук, соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ, саноати хурокворӣ, коркардабарорӣ, саноати масолеҳи бинокорӣ, соҳаи электроэнергетикӣ, саноати кимиёвии пойтахт, саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза, саноати полиграфӣ, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва ғайраҳо фаъолият доранд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти аввалиндараҷаи маводи ниёзи мардум хизмат мекунанд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки пойтахти як давлат дар муаррифӣ ва таҷдиди миллаташ ба ҷаҳониён нақши боризу созанда дорад. Мо мардуми тоҷик ҳама узви Тоҷикистони бузургем ва Душанбе – қалби ин сарзамин аст. Агар, қалб дуруст тапад, тамоми узвҳо ҳам дуруст инкишоф мекунад.

Мувофиқи Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ 31-уми октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо таҷлил карда мешавад. Шаҳрҳо дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши калидиро мебозанд. Махсусан, пойтахти рушдкардаву дорои шароити муосир ва осуда барои кору таҳсил ва зиндагии шоиста барои мардум заминаи пешрафти кишвар аст. Душанбешаҳри мо низ дар давоми 32 – соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зебою обод ва пешрафта табдил ёфт. Дар ин баробар, шаҳри Душанбе аҳамияти таърихӣ дошта, яке аз марказҳои эҳёи тамаддуни халқи тоҷик шуморида мешавад.

Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, Душанбе шаҳри калони кадимаест, ки ба давраи Кушониён тааллуқ дошта, дар соҳили дарё, ки ҳоло онро дарёи Душанбе меноманд, ҳанӯз дар асрҳои III ё IV пеш аз милод пайдо шудааст. Дар бозёфтҳои хаттие, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, аз мавҷудияти деҳаи Душанбе бори нахуст дар охири соли 1676 ёдоварӣ шудааст. Деҳаи Душанбе дар чорроҳа қарор дошт ва рӯзҳои душанбе дар ин ҷой бозори калон ташкил мешуд, ки номи деҳа низ аз ҳамонҷо гирифта шудааст. Дар деҳа зиёда аз 500 хонавода мавҷуд буд ва тақрибан 8000 нафар зиндагӣ мекарданд. Соли 1826 пойтахти имрӯзаи Тоҷикистон Душанбе - Қӯрғон ном дошт, ки маънои таҳтулафзиаш теппаи Душанбе мебошад.

Аввалин харитае, ки Душанбе дар он ҳамчун шаҳр ишора шудааст, соли 1875 тартиб дода шуда буд. Дар он замон шаҳр як қалъаи баланде дошт, ки дар соҳил ҷойгир буд ва аҳолиаш ба 10 ҳазор мерасид. Шаҳр расман солҳои 1924 – 1929 Душанбе ном гирифт ва 16-уми октябри соли 1929 б номи шаҳр Сталинобод гузошта шуда, дубора соли 1961 ба номи таърихии Душанбе баргардонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Душанбе аз оғоз то ба ин ҳама ободкориву созандагиҳо бунёди сирф миллӣ дорад. Яъне, мардуми тамаддундор ва шаҳрофарӣ тоҷик бори дигар исбот намуд, ки бо гузашти таърихи тӯлонӣ маъданияти шаҳрсозии худро гум накарда, дубора марказҳои нави фарҳангию таълимиро эҳё менамояд.

Соли 2024 пойтахти таърихиву шукуфону ободи мо 100 сола шуд. Яъне як аср бо Тоҷикистон - бо миллати тоҷик ба сӯйи тараққиёту пешрафт қадам мондааст. Имрӯз Душанбе, яке аз пойтахтҳои амнтарини рӯйи дунё, шаҳри гулафшону чароғон ва макони озодагон мебошад. Басо назаррас аст, ки Душанбе дигар чинористони пешина нест, балки ба пойтахти арзанда ва хонаи умеду орзуҳои тамоми тоҷикони олам табдил ёфтааст.

Гулзода ШЕРАЛИЕВА - мутахассиси раёсати корҳои тарбиявии Академия