МАХСУСИЯТИ ЗУҲУРИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ОЛАМИ МУОСИР

Ҳамадонӣ: Андеша  

Яке аз сабабҳои асосие, ки гуногунфаҳмии терроризмро ба миён меоварад ва омӯзиши онро мураккаб мегардонад, шаклҳои зоҳиршавии амалҳои террористӣ мебошад. Барои оне, ки махсусияти зуҳури амалҳои террористӣ дар олами муосир нишон дода шавад, пеш аз ҳама, шаклҳои гуногуни зоҳиршавии терроризмро бояд ба инобат гирифт. Ҳарчанд масъалаи гурӯҳбандии терроризм ва ба навъҳои мухталиф ҷудо намудани онҳо аз ҷониби баъзе муҳаққиқон омӯхта шуда бошад ҳам, дар ин самт ҳанӯз ҳам мушкилиҳо зиёданд.Таҳлили адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки муҳаққиқон вобаста ба объекти таҳқиқоти худ дар муносибат бо терроризм ва хусусиятҳои муҳимми он ибораҳои мухталифро истифода намудаанд. Аз ҷумла, терроризми динӣ, этникӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, психологӣ, инқилобӣ, аврупоӣ, осиёӣ, байналмилалӣ ва ғайра ба онҳо мисол шуда метавонанд. Ғайр аз ин, тӯли солҳои охир терроризм хусусиятҳои навро соҳиб гардида, дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад, ки бо назардошти чунин вазъият олимону муҳаққиқон навъҳои дигари онро ишора намуда истодаанд.Дар тамоми давраи ташаккул, гуруҳҳои террористӣ асосан аз афроде ташкил меёфтанд, ки ҳадафу мақсади ягона ва ниҳоии онҳо ба ҷомеаи инсонӣ бо ҳар гуна роҳу восита зарар расонидан буд. Террорист тобеъ ва мансуби ягон дину мазҳаб ё миллат набуда, имрӯз боиси падид омадани мушкилиҳои аввалиндараҷаи сатҳи байналмилалӣ гардидааст, ки воситаи амалӣ намудани ҳадафҳои иғвоангезонаву сиёсии гурӯҳҳои муташаккил ба ҳисоб меравад.Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир терроризм дар шаклҳои гуногун зуҳур намуда истодааст, ки онҳоро метаваон дар чунин шакл нишон дод:

- терроризми сиёсӣ;

- терроризми миллатгароӣ;

- терроризми динӣ;

- терроризми ҷиноӣ;

- кибертерроризм;

- биотерроризм;

- экотерроризм.

Бояд қайд намуд, ки терроризм - ин як навъ сиёсати дар доираи идеологияи махсус таҳрезишудае мебошад, ки аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати гурӯҳи одамон ва шахсони алоҳида, ҷомеа, ҳокимияти давлатӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсию геопалитикӣ ва идеологӣ мебошад.

Рафторҳои ғайриинсонӣ, ваҳшоният, қатлу куштори мардуми бегуноҳ, шиканҷаи беасос аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ имрӯз дар ҷомеа таъсири манфии худро гузошта истодаанд, ки ин мардуми саёраро ором гузошта наметавонад. Ин қабил гурӯҳҳои аз илму дониш ва одобу ахлоқ дурмонда, воқеияти ҳаёту зиндагиро умуман дарк накарда, ҳатто худро қурбони ҳадафу мақсадҳои дигар ифротиён месозанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора менамояд: “Террорист - Ватан, дин, миллат ва мазҳаб надорад”. Ин маънои онро дорад, ки террористон мансубият ба ягон миллат ё давлате надошта, танҳо дар пайи амалӣ намудани ҳадафҳои нопоку ғаразини худ ва роҳбаронашон мебошанд.Солҳои охир ин падидаҳои хатарноки ба ҷомеа печида бо истифода аз рукнҳои динӣ, нақшаҳои худро равшан сохта, натанҳо боиси халалдор сохтани амну суббот ва бавуҷудоии буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои рубаинкишоф гардидаанд, балки ба тамоми кишварҳои олам таъсири манфии худро расонидааст. Имрӯз абарқудратҳо бо истифода аз мазҳабу равияҳои гуногуни дини Ислом ва эътиқоди диниву мазҳабии мардум нақшаҳои геопалитикии худро таҳрезӣ намуда, миёни мазҳабу равияҳои дини Ислом ихтилофотро ба вуҷуд меоранд. Барои расидан ба ин ҳадаф онҳо ҳаракатҳои мазҳабҳои ғайрисунниро ба вуҷуд оварда, ба ин васила дар байни мусулмонҳо ҳисси бадбинӣ ва иғвоангезиро падид меоранд. Маблағгузори асосии ин қабил гурӯҳҳои таъсисдода худи онҳо буда, барои аҳдофи сиёсии худ талош менамоянд. Амалҳои террористие, ки имрӯз дар ҷаҳон бахусус дар мамлакатҳои шарқи наздик рух медиҳанд, зери таъсири маблағгузории ҳамин абарқудратҳо ба амал омадаанд.

Вақти он аст, ки ҳар як инсони соҳибхираду таҳлил намояд, ки инсон чӣ гуна террорист шуд? Кӣ ӯро ба ин роҳ бурд ва барои чӣ? Кӣ маблағгузорӣ кард ва чаро? Дар воқеъ ин саволҳое ҳастанд, ки аллакай ҳар як инсон пай мебарад. Магар ягон инсон ё миллати бегона ба инсони дигар бе ба даст овардани фоида ё манфиат маблағгузорӣ мекунад? Ё инки кадом инсон ҳаёти хурраму осоиштаро намепазирад? Албатта фазои ободу озоди кишварро ҳамма мехоҳанд. Валле ифротиёну террористон барои чӣ зидди ҳаммаи ин арзишҳои муҳимми ҳаётианд? Барои он кӣ аллакаи таҳлилу тақдир ва амалу нақшаҳои тафаккури онҳо бо дасти дигарон идора карда мешавад. Онҳо худ тасмим гирифта наметавонанд, ба ҷойи онҳо хоҷагони пасипардагиашон тасмим мегиранд, чунки дар тобеияти бе бозгашти онҳо аллакай қарор гирифта вобастаи онҳо шудаанд. Ин гуна манфиатҷӯёни ифротӣ ҳазорон инсонҳои бегуноҳро ба доми худ гирифта, барои манфитҳои худ истифода бурдаанд, ки аз баъзеи ин одамон ному нишоне боқӣ намондааст. Аз террорист на номи хуб мемонаду на кори хуб.

Боиси зикр аст, ки дар фазои идеологӣ бархурдҳо ҷиҳати амалишавии манфиатҳои абарқудратҳо ба амал омада, тарафи сеюм, ки онҳо дар маҷмуъ шаҳрвандони одӣ, яъне нозирони шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд ҳамчун васила истифода шуда, бо ҳар роҳу усул ба гирдоби фиребу дасисаҳои ифротиён ҷалб мегарданд. Дар асл ифротиён барои ба мақсад расидани абарқудратҳо хизмат мекунанд, ки бевосита аз онҳо пуштибонӣ меёбанд.Имрӯз мо, ҷавонон шукронаи онро мекунем, ки дар як фазои ободу озод ва орому осуда зиндагӣ менамоем. Пас чаро барои ҳифзи ин неъматҳо кӯшиш накунем?!Лозим ояд барои ҳифзу гиромидошти ин арзишҳои миллӣ,аз қабили забони миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ҳифзи марзу ватани таърихиву аҷдодии худ ҷони худро нисор менамоем. Чунки ягон унсур бегона ба мероси таърихиву аҷдодии ниёгони мо баробар шуда наметавонад ва ҷойи онро гирифта наметавонад.

Табрез СУБАДОРОВ,

магистранти «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»