СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудааст.Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ–ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуби ҷомеаро фаро мегирад. Дар ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Имрӯз экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.Ҳанӯз аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хатари ин зуҳуроти даҳшатафкан эҳсос гардида буд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем”.Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Азбаски дар шароити муосир терроризм ва ифротгароӣ хусусияти трансмиллиро гирифтаанд, мубориза бо ин аъмоли номатлуб танҳо бо роҳи ҳамкориҳои байналмилалии зиддитеррористӣ имконпазир аст. Аз ҳамин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллиро бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда мутобиқ гардонидааст.Мафҳуми “экстремизм” дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” ифодаи худро ёфтааст, ки ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.Яке аз омилҳои авҷ гирифтани терроризму ифротгароӣ ва доман паҳн кардани ин зуҳороти номатлуб ин манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои муайян, ташкилоту созмонҳо ва шахсони алоҳида мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом майян намудааст, ки ба инҳо дохил мешаванд:

1) назорати дохилӣ;

2) назорати ҳатмӣ;

3)манъи додани иттилоот ба муштариён ва дигар шахсон (ба истиснои кормандони мақомоти назоратӣ) оид ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм андешида мешаванд;

4) чораҳои дигаре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешаванд.Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, ҳамчун ҷинояти махсусан вазнин дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардиддаст, ки дар шакли бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз ҷониби террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи террористӣ ё барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта истифода мегарданд ва дар моддаи мазкур барои ин ҷиноятҳои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк муқаррар гардидааст.Ҳамчунин, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдорҳои даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии оммавии экстремизм (м. 307.), ташкили иттиҳоди экстремистӣ (м. 3072), ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (м. 3073) ҳамчун ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин эътироф гардидаанд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Мувофиқи қонуни мазкур экстремизм ин ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст, мебошад.

Фаъолияти экстремистӣ бошад, ин фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд.

Дар маҷмуъ, мубориза бар зидди терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функсияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд. Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд. Роҳбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вогузор аст.

Малоҳати РАҶАБАЛӢ,

корманди Академия