БА ТАВРИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ МАМЛАКАТ ПАЙВАСТАНИ ҶАВОНОН НИШОНАИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ МЕБОШАД

Ҳамадонӣ: Созандагони ватан  

Ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонписарон ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, далели он аст, ки имрӯз ҷавонони ноҳия аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ менамоянд.

Иштирокчиёни чорабинӣ таъкид намуданд, ки ягон монеаи сунъӣ ва унсурҳои бегона наметавонанд садди роҳи ҷавонписарони бонангу номуси ноҳияи Ҳамадонӣ гардад, зеро ҷавонони диловар ва таҳамтани ноҳия бо азму иродаи қавӣ ва шикастнопазир ин ташаббусро пеш гирифтаанд. Ҳимояи неъматҳои муқаддас чун озодиву Истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ буда, ҷавонписарон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро чун нишонаи олии шарафмандӣ, мактаби матонату мардонагӣ ва далерию боҳимматӣ меҳисобанд.

Падару модарони даъватшавандагон мутмаъинанд, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватани азизамон фарзандони воқеан бовиқору ҷасур ва ватандустро тарбият намудаанд, ки барои адои хизмати ҳарбӣ омода мебошанд.

Ҳамзамон, баҳри хушу хотирмон гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ барномаи рангини консертии аҳли филармония мардумии ноҳия ба номи Одина Ҳошим бо пешкаш намудани суруду таронаҳои дилошуӯб ва ватандустона ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳусну тарлвати дигар зам намуданд.

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ