ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроия тибқи нақшаи фаъолият бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Файзобод”-и Ҷамоати деҳоти Даштигуло аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳия, ҷиҳати аъзо шудан ба сафи ҳизб шахсони сазовор пешниҳод гардид.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қарори ташкилоти ибтидоӣ оиди қабул ба сафи ҳизбро ба расмият дароварда шаҳодатномаи ҳизбӣ дода шуд.

Масъулини Кумитаи иҷроия шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда қайд намуданд, ки ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарози мебошад